تخطَّ إلى المحتوى
Nelum
قوانين طاجيكستان

Law “On organic production”

صدر في 2025-02-11 · النص بتاريخ 2026-10-01

القانون العام والإرشادات الرسمية منشورة بوصفها أبحاثاً. ليست مشورة قانونية أو ضريبية أو مالية.

البحث نفسه مكتوب بالإنجليزية. العناوين والوسوم مترجمة؛ أما النتائج والاقتباسات فغير مترجمة.

عن هذا القانون

العنوان الأصلي
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ.
اللغة
Tajik
النوع
قانون
الدولة
طاجيكستان
الموضوعات
Agricultural and rural development, Livestock, Environment, Fisheries and aquaculture
الكلمات المفتاحية
basic legislation, ecological production/organic production, traceability, fraud, agricultural commodities, processing/handling, apiculture/sericulture, public health, biodiversity, soil conservation/soil improvement, farming, packaging/labelling, transport/storage, agricultural development, animal reproduction, poultry, animal production, birds, recycling/reuse, renewable energy, aquaculture, fish products

أين تقرؤه

النص

نص القانون نفسه، مادةً مادة، كما هو محفوظ. لكل مادة رابطها.

  1. 1. Растаниҳои худрӯй ва меваҳои онҳо, инчунин набототи худрӯйи дигар бо мақсади истифода дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бояд бе расондани зарар ба низоми экологӣ ҷамъоварӣ карда шаванд.

  2. 2. Барои истифодаи растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар ҳудуди ҷангал ва чарогоҳҳо бояд қитъаҳое интихоб карда шаванд, ки бо моддаҳои кимиѐвӣ коркард нашуда бошанд. БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Моддаи 7. Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ Вазифаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ аз инҳо иборат мебошанд: 1) таъмини татбиқи сиѐсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 2) банақшагирии стратегӣ ва танзими асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 3) мониторинги фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) амалӣ намудани тадбирҳои истифодаи роҳҳои муносиби коркарди хок, усулҳои агротехникии муосир, таъсиррасонии камтарин ба таркиби хок, воридкунии моддаҳои ғизоӣ тибқи стандартҳои миллӣ ва роҳ надодан ба сахтшавии хок дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 5) амалӣ намудани тадбирҳои муҳофизати растаниҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 6) назорати риояи талаботи бехатарии биологӣ, карантини растаниҳо ва тадбирҳои беҳдошти байторӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 7) ба роҳ мондани сертификатсияи экологии маҳсулоти органикӣ, арзѐбии равандҳои технологии истеҳсол ва коркарди он ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани зарар ба муҳити зист, ҳамчунин таъмини амнияти экологӣ; 8) назорати риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, миллӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 9) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ. Моддаи 8. Танзими раванди фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар истеҳсоли маҳсулоти органикӣ

  3. 1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ машғул мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъѐрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ба қайд гирифта мешаванд.

  4. 2. Субъектҳои хоҷагидор зимни бақайдгирӣ маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд: 1) ном ва нишонии субъекти хоҷагидор; 2) маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва биноҳое, ки дар онҳо фаъолияти истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад; 3) хусусияти амалиѐти истеҳсолӣ ва хосияти маҳсулоти органикӣ. Моддаи 9. Талабот барои истеҳсоли маҳсулоти органикӣ Истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар асоси талаботи зерин ба роҳ монда мешавад: 1) алоҳида ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти органикӣ аз маҳсулоти истеҳсолшаванда, ки ба истеҳсолоти органикӣ тааллуқ надоранд; 2) манъи истифодаи агрокимиѐҳо, пеститсидҳо, антибиотикҳо, ба истиснои онҳое, ки дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ѐ миллӣ дар истеҳсоли маҳсулоти органикӣ иҷозат дода шудаанд; 3) манъи истифодаи пайвандсозии ҷанин, усулҳои ба таври сунъӣ гирифтани клони организмҳо, ҳуҷайра ѐ молекулаҳо, организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, инчунин маҳсулоти бо усулҳои муосири биотехнология ҳосил кардашуда; 4) манъи истифодаи нумӯяҳои афзоиш ва маҳсулнокии ҳайвонот, воситаҳои гормондор; 5) манъи истифодаи растаниҳои бо усули гидропонӣ рӯѐндашуда; 6) манъи истифодаи афканишоти ионофар барои коркарди маҳсулоти хӯроквории органикӣ ѐ хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ, инчунин ашѐи хом барои тайѐр кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ѐ хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ; 7) истифодаи воситаҳои биологии мубориза бар зидди организмҳои карантинию зараррасон, касалиҳои растанӣ ва бемориҳои ҳайвонот; 8) амалисозии чораҳо барои пешгирии талафѐбии растанӣ ѐ маҳсулоти он аз организмҳои зараррасон, ки ба муҳофизат аз зараррасонҳо, интихоби намуд, навъи растанӣ, киштгардон, усулҳои парвариши растаниҳо ва тарзи коркарди маҳсулоти органикӣ асос меѐбанд; 9) интихоби зот ѐ намуди ҳайвоноти кишоварзӣ бо назардошти қобилияти мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба касалиҳо, муҳайѐ сохтани шароит барои нигоҳдории саломатии ҳайвоноти кишоварзӣ, барқароршавии табиӣ, таъмини нишондиҳандаҳои санитарию беҳдоштӣ ва байторӣ; 10) истифодаи ғизои иловагӣ, воситаҳои ѐрирасони технологӣ, хушбӯйкунанда, қувватфизои таъм, дорувории ферментӣ, микроэлементҳо, витаминҳо, аминокислотаҳои бо стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ѐ миллии дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ пешбинишуда; 11) истифодаи микроорганизмҳои биологӣ, аз ҷумла барои коркарди маҳсулоти ғизоӣ истифодашаванда, амалисозии чораҳои муҳофизатии маҳсулоти ҳайвонот аз вайроншавии микробиологӣ, ки ба таъсири мутақобилаи микроорганизмҳо дар муҳити табиӣ асос ѐфтаанд; 12) манъи омезиши маҳсулоти органикӣ ба маҳсулоти бо тарзи маъмулӣ истеҳсолшуда дар раванди нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ; 13) манъи истифодаи банду баст, зарфҳои истеъмолӣ ва нақлиѐтии ба ифлосшавии маҳсулоти органикӣ ва муҳити зист мусоидаткунанда, аз ҷумла банду басти полимерӣ, зарфҳои истеъмолӣ ва нақлиѐтӣ. БОБИ 3. ТАМҒАГУЗОРӢ, ВОРИДОТ ВА СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ОРГАНИКӢ Моддаи 10. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ

  5. 1. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

  6. 2. Тамғаи борҷома ѐ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳсулоти органикӣ бояд дорои чунин маълумот бошанд: 1) ном ва суроғаи истеҳсолкунанда ѐ корхонаи коркарди маҳсулоти органикӣ; 2) номи маҳсулот бо зикри усули истифодашудаи истеҳсолоти органикӣ; 3) дарҷи ном ва тамғаи молии маҳсулоти органикӣ; 4) шартҳои нигоҳдории маҳсулоти органикӣ ва муҳлати мувофиқатии он; 5) ишора дар бораи тартиби нигоҳ доштани маҳсулоти органикӣ бо маҳсулоти дигар.

  7. 3. Субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулоти органикиро истеҳсол менамоянд, ҳуқуқи истифодаи тамғаи молии мувофиқати маҳсулоти органикиро доранд.

  8. 4. Истифодаи ҳамаи намуди аломат, аз ҷумла аломатҳои дар тамғаҳои тиҷоратӣ истифодашаванда, инчунин услубҳои тамғагузорӣ ва рекламаи маҳсулоти органикӣ ѐ ҷузъиѐти аз он истеҳсолшуда, ки метавонанд истеъмолкунандаро ба иштибоҳ оранд, манъ мебошад. Моддаи 11. Воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ Воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ тибқи санадҳои меъѐрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд. БОБИ 4. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ ВА ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ Моддаи 12. Дастгирии давлатии рушди истеҳсолоти органикӣ

  9. 1. Рушди истеҳсолоти органикӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлат дастгирӣ карда мешавад.

  10. 2. Дастгирии давлатии соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо роҳҳои зерин анҷом дода мешавад: 1) ҷалби сармоя барои пешбурди соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 2) мусоидат ба амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳосилхезгардонӣ, беҳтар намудани ҳолати беҳдоштӣ ва ҳифзи заминҳо; 3) рушди инфрасохтори бозори маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти органикӣ; 4) таъмини дастрасии иттилоот оид ба ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти органикӣ; 5) ташкили таҳқиқоти илмӣ оид ба рушди истеҳсолоти органикӣ, услуб, тарз ва технологияҳои инноватсионии истеҳсоли маҳсулоти органикӣ; 6) роҳҳои дигари дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. Моддаи 13. Шаффоф ва ошкоро будани иттилоот дар бораи истеҳсолоти органикӣ

  11. 1. Иттилоот дар бораи истеҳсолоти органикӣ шаффоф ва ошкоро мебошанд.

  12. 2. Ба иттилоот дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ, ки дастрасии тарафҳои манфиатдор ба онҳо озод мебошад, маълумоти зерин дохил мешаванд: 1) дар бораи тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ; 2) дар бораи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ, номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти органикӣ; 3) оид ба субъектҳои дигари дар рушди истеҳсолоти органикӣ иштироккунанда. БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ Моддаи 14. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ Баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Моддаи 16. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 529; с. 2019, №4-5, мод. 220) аз эътибор соқит дониста шавад. Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, аз 11 феврали соли 2025, № 2141

Law “On organic production” · Nelum