تخطَّ إلى المحتوى
Nelum
قوانين طاجيكستان

Law No. 598 “On the moratorium on inspections of business entities”

صدر في 2025-02-03 · النص بتاريخ 2026-10-01

القانون العام والإرشادات الرسمية منشورة بوصفها أبحاثاً. ليست مشورة قانونية أو ضريبية أو مالية.

البحث نفسه مكتوب بالإنجليزية. العناوين والوسوم مترجمة؛ أما النتائج والاقتباسات فغير مترجمة.

عن هذا القانون

العنوان الأصلي
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ.
اللغة
Tajik
النوع
قانون
الدولة
طاجيكستان
الموضوعات
General
الكلمات المفتاحية
institution, business/industry/corporations, taxes, enforcement/compliance, data collection/reporting, access-to-information, fiscal and market measures, governance
الفئات
*

أين تقرؤه

النص

نص القانون نفسه، مادةً مادة، كما هو محفوظ. لكل مادة رابطها.

  1. 1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 4 Қонуни мазкур, боздошта мешавад.

  2. 2. Баъд аз анҷоми мораторий ба санҷишҳо, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ аст. Моддаи 4. Истисноҳо дар татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти ­субъектҳои соҳибкорӣ

  3. 1. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба санҷишҳои мақомоти андоз татбиқ намегарданд.

  4. 2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъѐрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, новобаста ба муқаррароти моддаи 3 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад: 1) бо мақсади танзими давлатии дурустии ташаккулѐбӣ ва татбиқи нархҳои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ; 2) дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 3) дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ; 4) дар асоси дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.

  5. 3. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 2 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд. Моддаи 5. Мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо

  6. 1. Мақоми ваколатдори давлатӣ мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъо­лияти субъектҳои соҳибкориро мегузаронад.

  7. 2. Мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ баъд аз анҷоми мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ гузаронида шуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда мешавад. Моддаи 6. Ҳалли баҳсҳо Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ѐ суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъо­лияти субъектҳои соҳибкорӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 8 июни соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №6, мод. 342) аз эътибор соқит дониста шавад. Моддаи 9. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 11 феврали соли 2025, №2142 ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ ш. Душанбе, 3 феврали соли 2025, №598 ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  8. 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ» қабул карда шавад.

  9. 2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №700 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №4-5, мод. 249) аз эътибор соқит дониста шавад. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА ш. Душанбе, 31 январи соли 2025, №1568

Law No. 598 “On the moratorium on inspections of business entities” · Nelum