تخطَّ إلى المحتوى
Nelum
قوانين طاجيكستان

Law No. 521 “On minimum subsistence level”

صدر في 2009-05-19 · النص بتاريخ 2026-10-01

القانون العام والإرشادات الرسمية منشورة بوصفها أبحاثاً. ليست مشورة قانونية أو ضريبية أو مالية.

البحث نفسه مكتوب بالإنجليزية. العناوين والوسوم مترجمة؛ أما النتائج والاقتباسات فغير مترجمة.

عن هذا القانون

العنوان الأصلي
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ.
اللغة
Tajik
النوع
قانون
الدولة
طاجيكستان
الموضوعات
Food and nutrition, General
الكلمات المفتاحية
social protection, poverty, nutrition, food assistance, food security

أين تقرؤه

النص

نص القانون نفسه، مادةً مادة، كما هو محفوظ. لكل مادة رابطها.

  1. 1. Вобаста аз таъиноти мақсаднок ҳадди ақали зиндагӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад: - ба ҳар як нафар аҳолӣ; - аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ.

  2. 2. Ҳадди ақали зиндагӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, бо ҷудо кардани аҳолӣ ба сокинони шаҳр ва деҳот инчунин бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофию иқлимӣ ва хусусиятҳои дигари истеъмоли неъматҳои моддӣ ва истифодаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад. Моддаи 5. Сабади истеъмолӣ

  3. 1. Сабади истеъмолӣ аз инҳо иборат мебошад: - маҷмӯи маҳсулоти озуқа; - маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа; - маҷмӯи хизматрасонӣ.

  4. 2. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқа меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақали гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маводи ғизоӣ, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд.

  5. 3. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа, ки ба таркиби сабади истеъмолӣ дохил мешаванд, қонеъгардонии талаботи ҳадди ақали ҳаётан муҳими гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маҳсулоти ғайриғизоӣ бо назардошти хусусиятҳои ҷинсиву синнусолӣ ва либос, инчунин барои ташкили чорабиниҳои маданию маишӣ ба назар гирифта мешавад.

  6. 4. Ҳангоми муайян намудани маҷмӯи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмолӣ вуҷуддошта, қонеъ намудани талаботи ҳадди ақали аҳолӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, маишӣ, нақлиётӣ ва алоқа ба инобат гирифта мешавад. Моддаи 6. Таҳия, таҷдиди назар ва тасдиқи сабади истеъмолӣ

  7. 1. Сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ зимни тавсияномаҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки иттиҳодияи намояндагони кормандони Тоҷикистон таҳия мегарданд, ҳисоб карда мешавад.

  8. 2. Тавсияномаҳои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.

  9. 3. Таркиб ва сохтори сабади истеъмолиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Моддаи 7. Даврияти ҳисоб ва қоидаи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали зиндагӣ

  10. 1. Андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоию демографӣ дар асоси сабади истеъмолӣ ва маълумоти оморӣ оид ба сатҳи нархҳои истеъмолии маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, бо назардошти ҳамаи намудҳои савдо ва хароҷот барои боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳар семоҳа ҳисоб карда мешавад.

  11. 2. Андозаи ҳадди ақали зиндагӣ, қоидаҳои муқарраркунӣ ва даврияти дида баромадани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Моддаи 8. Истифодаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳангоми ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки иҷтимоии давлатӣ

  12. 1. Андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақаҳо, инчунин андозаҳои стипендия, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳамчун нишондиҳанда ҳисобида мешавад.

  13. 2. Ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатии коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муайян намудани андозаи музди меҳнати кормандон ва дигар кӯмакпулиҳо, андозаи ҳадди ақали зиндагӣ ҳамчун меъёри асосӣ истифода мешавад.

  14. 3. Ҳадди ақали кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила то андозаи ҳадди ақали зиндагӣ бо назардошти ваъзи иқтисодии ҷумҳурӣ баланд бардошта мешавад. Моддаи 9. Интишори маълумот оид ба андозаи ҳадди ақали зиндагӣ Маълумот дар бораи андозаи ҳадди ақали зиндагӣ барои ҳар як нафар аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба таври пурра дар ҷумҳурӣ ҳар се моҳ дар нашрияи расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад. Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе, 19 майи соли 2009, № 521